Апрел 20, 2021 10:41 Asia/Dushanbe
  • Як сокини тоҷики Суғд дар мошинаш ин миқдор маводи мухаддир дошт
    Як сокини тоҷики Суғд дар мошинаш ин миқдор маводи мухаддир дошт

Кормандони Хадамоти Амнияти Миллии Узбакистон аз мошини шахсии як шаҳрванди Тоҷикистон ҳудуди 8 кило ҳашиш ва доруҳои равоншиносиро мусодира карданд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи ахбори Осиёи марказӣ, ин тоҷикистонии сокини вилояти Суғд  ин мизон  маводи мухаддирро дар мошини худ ҷосозӣ карда буд, ки дар масири ҳаракат аз шаҳри Бекобод ба Тошканд ба дасти кормандони Хадамоти Амнияти Миллии Узбакистон кашф ва забт шуд. 

Арзиши молии ин маҳмулаи маводи мухаддир  100 ҳазор доллар эълом шудааст. 

Маъмурон  ин табаъаи Тоҷикистонро боздошт ва алайҳи вай ба иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир  парвандаи ҷиноӣ ташкил доданд. 

 Дар амалиёти дигаре кормандони Хадамоти Амнияти Миллии Узбакистон  дар вилояти Намангон як сокини ин минтақаро ба иттиҳоми нигаҳдорӣ ва иқдом барои фурӯши чаҳор килограмм ҳашиш боздошт карданд. 

 Хадамоти Амнияти Миллии Узбекистон эълом кардааст, ки ин миқдор  маводи мухаддирро як табаъаи қирғиз аз Тоҷикистон ба вилояти Намангони Узбекистон ворид кардааст.

 

Бештар бихонед:

Барчасп