Суръати хонасозӣ дар Тоҷикистон кунд шуд
Агентии омори давлатии Тоҷикистон дар бораи суст шудани суръати сохтмони манзил дар кишвар дар се моҳи аввали соли равон хабар дод.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, ожонси давлатии омори Тоҷикистон эълом кард дар се моҳи нахусти имсол суръати сохти хона дар муқоиса ё давраи монанди соли қабл наздик ба 5 дарсад коҳиш ёфтааст.
Дар ин гузориш таъкид шудааст, ки дар моҳҳои январ то марти 2021 дар Тоҷикистон 214 ҳазор метри мураббаъ хона сохта шудааст, ки дар муқоиса ба давраи монанди соли 2020 коҳиши наздик ба 5 дарсадиро нишон медиҳад.
Дар Тоҷикистон сохти хона дар ихтиёри ширкатҳои хусусӣ аст.
Гуфта мешавад, ки дар ин муддат дар вилояти Хатлон 77 ҳазору 100 метри мураббаъ ва дар вилояти Суғд 68 ҳазору 500 метри мураббаъи хона сохта шудааст.
Иллати коҳиши суръати сохти хона густариши вируси корона, коҳиши воридоти таҷҳизот ва масолеҳи сохтмонӣ аз хориҷ ва мушкили таъмини манобеи молӣ унвон мешавад.
Ба далели камбуди замин акнун дар шаҳрҳо ва марокизи ноҳияҳои Тоҷикистон сохти хонаҳои камтар аз 5 табақа мамнӯъ аст.
Бештар хонед: