Апрел 21, 2021 16:34 Asia/Dushanbe
  • “Истиқлол”-и Тоҷикистон бо 4 имтиёз ва голҳои камтар аз Ал Ҳилоли Арабистон дар радаи дувуми гурӯҳи “A” қарор дорад
    “Истиқлол”-и Тоҷикистон бо 4 имтиёз ва голҳои камтар аз Ал Ҳилоли Арабистон дар радаи дувуми гурӯҳи “A” қарор дорад

Дар идомаи рақобатҳои Лигаи футболи қаҳрамонони Осиё тими “Истиқлол”-и Тоҷикистон соати 24 бомдод ба вақти Душанбе ба дидори “Ал Ҳилол”-и Арабистон меравад.

Дар ин дидор, ки дар чорчӯби рақобатҳои гурӯҳи “A”-и Лигаи қаҳрамонони Осиё дар варзишгоҳи Малик Фаҳди Риёз, пойтахти Арабистон баргузор мешавад, тими “Истиқлол”-и Тоҷикистон ба масофи тими қудратманди “Ал Ҳилол” аз Арабистон меравад.

Тими “Ал Ҳилол” ба унвони пурифтихортарин бошгоҳи футбол дар Лигаи қаҳрамонони Осиё шинохта мешавад ва токунӯн 3 ҷоми қаҳрамонӣ ва 4 мақоми ноибқаҳрамонии Лигаи Осиёро дар корномаи худ сабт кардааст.

Дар гурӯҳи “A”-и Лигаи қаҳрамонони Осиё тимҳои “Ал Ҳилол” Арабистон “Истиқлол”и Тоҷикистон, “AJMK” Узбекистан ва Шабоби Ал Аҳлии Иморот ҳузур доранд, ки дар маҷмӯ бозиҳои ин гурӯҳ токунӯн тими “Ал Ҳилол” ва “Истиқлол” ҳар ду бо 4 имтиёз аз ду дидор ва тафозули голи бештар барои арабистониҳо дар раддаи аввал ва дувум қарор доранд.

Имшаб ҳамчунин аз гурӯҳи “C”-и ин бозиҳо тими “Истиқлол”-и Теҳрон бо Ал Даҳил”-и Қатар дидор мекунад.

Шаби гузашта низ “Фулод”-и Хузистони Эрон бо “Ал Наср”-и Арабистон аз гурӯҳи “D”-и Лигаи қаҳрамонони Осиё дар як бозии диданӣ ба тасовии як-як ризоят доданд.

 

Бештар бихонед:

Лигаи қаҳрамонони Осиё, пирӯзии футболистҳои эронӣ муқобили қатариҳо ва урдуниҳо

Рақиби "Истиқлол"-и Душанбе дар Лигаи қаҳрамонони Осиё дархости мизбонӣ дод

 

 

Барчасп