Апрел 21, 2021 18:28 Asia/Dushanbe
  • Қонуни танзими ҷашну маросим дар соли 2007 дар Тоҷикистон тасвиб ва токунӯн борҳо ислоҳ шудааст
    Қонуни танзими ҷашну маросим дар соли 2007 дар Тоҷикистон тасвиб ва токунӯн борҳо ислоҳ шудааст

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ҷаримаи афродеро, ки қонуни танзими ҷашну маросими ин кишварро нодида бигиранд афзоиш дод.

Ба гузориши сомонаи Азия Плюс, бо ислоҳи бандҳое аз қонуни танзими ҷашну маросим дар Тоҷикистон акнӯн замина барои афзоиши ҷаримаи афроде, ки ин қонунро иҷро намекунанд, фароҳам шудааст.

Бо ислоҳи ин қонун дар соли 2017 афроди мутахаллиф, аз ҷумла кормандони давлатӣ 25 ҳазор сомонӣ ҷарима мешуданд, аммо агар муттаҳамон, рӯҳониёни мусулмон ва фаъолони бахши хусӯсӣ буданд, бояд 35 ҳазор сомонӣ ҷарима пардохт мекарданд.

Ҳамчунин дар сӯрати такрори мавориди нақзи қонуни танзими ҷашну маросим барои ин афрод ба тартиб пардохти 40 то 50 ҳазор сомонӣ ҷарима муқарар шуда буд.

Акнӯн бетаваҷҷӯҳӣ ба ин қонун барои ҳар як аз ин гурӯҳҳо 10 ҳазор сомонӣ ҷаримаи изофа дар пай дорад.

Қонуни танзими ҷашну маросим дар соли 2007 дар Тоҷикистон тасвиб ва аз он замон токунӯн борҳо ислоҳ шудааст.

Ҳамасола дар Тоҷикистон ҳазорон нафар ба иттиҳоми нақзи қонуни танзими ҷашну маросим дар додгоҳҳои ин кишвар ба пардохти ҷаримаи молӣ маҳкӯм мешаванд.

 

 Бештар бихонед:

 

Барчасп