Май 17, 2021 19:48 Asia/Dushanbe
  • Қонуни танзими ҷашну маросим дар соли 2007 дар Тоҷикистон тасдиқ ва аз он замон то кунун борҳо ислоҳ шудааст.
    Қонуни танзими ҷашну маросим дар соли 2007 дар Тоҷикистон тасдиқ ва аз он замон то кунун борҳо ислоҳ шудааст.

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тарҳи ислоҳи қонуни ҷашну маросимро дар ин кишвар тасдиқ кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Ховар, бо ислоҳи бандҳое аз Қонуни танзими ҷашну маросим дар Тоҷикистон заминаи эъмоли маҳдудияти бештар дар баргузории ҷашну маросим дар ин кишвар дар шароити изтирорӣ ва ҳаводиси табиӣ фароҳам шуд.

Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон дар умури иҷтимоӣ ва хонавода Сумангул Тағозода гуфтааст, ки ҳадаф аз ин иқдом додани ихтиёроти фавқулодда ба ҳукумат барои эъмоли маҳдудиятҳои бештар дар заминаи баргузории ҷашну маросим дар шароити изтирорӣ ва ҳаводиси табиӣ аст.

 

 Вай афзуд: бар ин асос мақомоти масъул назорат бар иҷрои қонуни танзими ҷашну маросим дар Тоҷикистон акнун аз ихтиёроти лозим барои афзоиши маҳдудият дар баргузории маросим бархурдоранд.

Қонуни танзими ҷашну маросим дар соли 2007 дар Тоҷикистон тасдиқ ва аз он замон то кунун борҳо ислоҳ шудааст.

Бо ислоҳи ин қонун дар соли 2017 афроди муъталия, аз чумла кормандони давлат 25 ҳазор сомонӣ ҷарима мешуданд, аммо ин ҷарима барои руҳониёни мусулмон ва фаъолони бахши хусусӣ 35 ҳазор сомонӣ буд.

Инчунин дар сурати такрори мавориди нақзи қонуни танзими ҷашну маросим ин афрод ба тартиб  ба пардохти 40 то 50 ҳазор сомонӣ ҷарима маҳкум мешуданд.

Дар ҳоле, ки дар аввалҳои моҳи апрели имсол бо ислоҳи ин қонун барои ҳар як аз ин гурӯҳҳо 10 ҳазор сомонӣ ҷаримаи изофӣ таъин шуд.

Ҳамасола дар Тоҷикистон ҳазорон нафар ба иттиҳоми нақзи қонуни танзими ҷашну маросим дар додгоҳҳои ин кишвар ба пардохти ҷаримаи молӣ маҳкум мешаванд. 

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп