Апрел 21, 2021 19:02 Asia/Dushanbe
  • Чин барои транзити коло аз ин масир ба бозаргонони тоҷик тахфиф додааст
    Чин барои транзити коло аз ин масир ба бозаргонони тоҷик тахфиф додааст

Вазири ҳамлу нақли Тоҷикистон аз ифтитоҳи дубораи гузаргоҳи марзии “Қулма” миёни ин кишвар ва Чин дар вилояти Кӯҳистони Бадахшон хабар дод.

Ба гузориши сомонаи Тоҷ вик, Азим Иброҳим гуфтааст, ки пас аз тамоси телефонии раисони ҷумҳурии Тоҷикистону Чин гузаргоҳи марзии “Қулма” ду бора фаъолияти худро аз сар гирифт.

Танҳо гузаргоҳи марзии заминӣ миёни Тоҷикистону Чин ба далели густариши вируси корона дар моҳи октябри соли 2020 баста шуда буд.

Вазири ҳамлу нақли Тоҷикистон ҳамчунин эълом кард, Чин барои транзити коло аз ин масир ба бозаргонони тоҷик тахфиф додааст. Азим Иброҳим афзуд, агар қаблан бозаргонони тоҷик барои бозгардондани мошинҳои холӣ аз Тоҷикистон ба Чин муваззаф ба пардохти 4 ҳазор доллар буданд, акнӯн ин маблағ ҳазф шудааст.

Тоҷикистон аз Чин масолеҳи сохтумонӣ, қатаоти худрав, либос, васоили барқӣ ва таҷҳизоти роёнаӣ ворид мекунад.

Ҳаҷми воридоти маҳсӯлоти чинӣ ба Тоҷикистон дар соли 2020 ба 440 миллиондоллар расид, ки дар муқоиса бо соли қабл 20 дарсад коҳиш нишон медиҳад.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп