Апрел 22, 2021 14:00 Asia/Dushanbe
  • ба имомхатиби масҷиди ҷомеи ноҳияи Шоҳмансур ва 4 нафари дигар иттиҳоми узвият дар гурӯҳи Салафия ворид шудааст
    ба имомхатиби масҷиди ҷомеи ноҳияи Шоҳмансур ва 4 нафари дигар иттиҳоми узвият дар гурӯҳи Салафия ворид шудааст

Кумитаи давлатии Амнияти Миллии Тоҷикистон аз боздошти 5 нафар ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳи Салафия хабар дод, ки имомхатиби масҷиди ҷомеи ноҳияи Шоҳмансури Душанбе низ яке аз боздоштшудагон аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, иттиҳоми имомхатиби масҷиди ҷомеи ноҳияи Шоҳмансури Душанбе Абдулҳақ Обидов ва 4 нафар аз сокинони ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Ваҳдат, узвият дар гурӯҳи фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъи Салафия унвон шудааст.

Бархе аз расонаҳои хабарӣ иллати боздошти имомхатиби масҷиди ҷомеи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанберо суханронии вай  дар маросими хоксупории домулло Ҳикматуллоҳ, яке аз пешвоёни тариқати Нақшбандия дар ноҳияи Тоҷикободи водии Рашт унвон кардаанд.

Аммо кумитаи давлатии танзими ҷашну маросим бо радди ин иддао эълом кардааст, ки боздошти обидов иртиботе бо суханронии вай дар он маросим надорад.

Фаъолияти гурӯҳи Салафия ба унвони Созмони ифротӣ бар асоси ҳукми додгоҳи олии Тоҷикистон дар соли 2009 мамнӯъ шуд.

Аз он замон токунун теъдоди зиёде аз саркардагон ва аъзои ин созмон боздошт ва зиндонӣ шудаанд.

 

Бештар бихонед: