Бекор шудани иҷозатномаи фаъолияти 6 ҳазору 500 фаъоли бахши хусӯсӣ дар Тоҷикистон
Ожонси давлатии омори Тоҷикистон аз бекор шудани иҷозатномаи фаъолияти 6 ҳазору 500 фаъоли бахши хусӯсӣ(соҳибкорон) ва 200 ширкат таи се моҳи нахусти имсол хабар дод .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷвек, дар бораи иллати бекор шудани иҷозатномаи фаъолияти ин миқдор аз фаъолони бахши хусӯсӣ ва ширкатҳо дар Тоҷикистон тавзеҳ дода нашудааст .
Аз сӯи дигар ин ниҳод эълом кард,ки дар Тоҷикстон 651 ҳазор нафар дар бахшҳои хусӯсӣ кор мекунанд .
Аммо таи се моҳи нахусти соли ҷорӣ 308 нафар аз ин афрод ҳеҷ гуна фаъолияти иқтисодӣ надоштанд .
Ожонси амори Тоҷикистон эълом кард: Дар ин муддат барои 115 ширкат дар шаҳри Душанбе, 62 ширкат дар вилояти Суғд, 34 ширкат дар вилояти Хатлон ва 13 ширкат дар ноҳияҳои марказии Тоҷикистон низ иҷозатномаи фаъолият содир шудааст .
Бештар бихонед :
-
Як ширкати русии дигар муҷаввизи парвоз ба Тоҷикистонро дарёфт кард
-
Лағви муҷаввизи фаъолияти бархе ширкатҳои созандаи неругоҳи Роғун