Дониёр Набиев аз зиндон озод шуд
Дониёр Набиев, маъруф ба Бобои Дона, яке аз собиқадорони ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом (ҲНИТ) рӯзи 23 апрел аз маҳбас озод гашт.
Ба иттилои Pressa.tj, Дониёр Набиев бо сабаби гирифторӣ ба бемории сил аз зиндон озод шудааст.
Бобои Дона, сокини 80-cолаи деҳаи Гулбуттаи ноҳияи Рӯдакӣ 27 августи соли 2020 бо иттиҳоми ба хонаводаҳои аъзои ҲНИТ расондани кумакҳое, ки аз хориҷ равон мекарданд, боздошт ва моҳи декабр ба 7 соли зиндон маҳкум шуда буд.
ВКД он замон гуфта буд, ки Дона Набиев “дар сохтори собиқ Ҳизби наҳзати исломӣ ба ҳайси “қозӣ” фаъолият намуда, сокинони бегуноҳи ҷумҳуриро ба ҷазоҳои вазнинтарин, ҳатто то ҳукми қатл, маҳкум мекард” ва “дар куштори оммавии сокинони маҳаллии вилояти Хатлон иштирок кардааст.”
Ба гуфтаи ВКД, бар асоси созишномаи сулҳи соли 1997 ин амалҳои Набиев мавриди афв қарор гирифтанд, вале ӯ баъди манъи фаъолияти ҲНИТ дар соли 2015 низ ба амалҳои зиддиқонуниаш идома додааст. Дар гузориши ВКД Дона Набиев аз ҷумла ба он айбдор мешуд ки:
“Маблағҳои пулии аз тарафи хадамоти махсуси давлатҳои муайян ҷудошударо, тариқи истифодаи масири интиқоли маблағҳо аз кишварҳои сеюм қабул намуда, онҳоро барои паҳнкунии ғояҳои ифротӣ, харидорӣ, нашр ва густариши адабиёти экстремистӣ, ҷалб ва сафарбар намудани ҷавонон ба сафи гурӯҳҳои ҷиҳодӣ сарф мекард”.
Аммо вакили мудофеи Набиев изҳор доштааст, “Дониёр Набиев дар додгоҳ ба ду мавриди дарёфти кумаки молӣ аз наздикони аъзои зиндонии Ҳизби наҳзати исломӣ эътироф ва эълом кардааст, ки ин маблағро ба хонаводаҳои онон расонидааст”.
Ҳачунин вай миқдори муайяни маблағҳоро тавассути ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ҷиҳати дастгирии молиявии аъзоёни қаноти ҷангии ташкилоти террористии собиқ ҲНИ – «Ҷамоати Ансорруллоҳ» ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон интиқол додааст ва қисми боқимондаи маблағҳоро барои манфиатҳои шахсии худ истифода кардааст.