Апрел 24, 2021 10:40 Asia/Dushanbe
  • Ассадулло Исмоилов, дувумин сархатиби ботдоштшуда дар Тоҷикистон дар рӯзҳои ахир аст
    Ассадулло Исмоилов, дувумин сархатиби ботдоштшуда дар Тоҷикистон дар рӯзҳои ахир аст

Чанд рӯз пеш сархатиби мачҷиди ноҳияи Шоҳмансурро низ Кумитаи амният боздошт карда буд.

Ба нақл аз Toptj, Кумити давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Ассадулло Исмоилов, имомхатиби масҷиди маҳаллаи Яккачинори шаҳри Душанберо низ се рӯз пеш боздошт кардааст.

Пайвандони Асадулло Исмоилов гуфтаанд, ки  "сабаби боздошти ӯро намедонанд, мақомоти амният “ӯро барои суҳбат” даъват кардаанд".

Дар ҳамин ҳол гуфта мешавад Асадулло Исмоилов низ дар баробари дигар руҳониён дар маросими ҷанозаи домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ ширкат доштааст.

Ин дувумин боздошти имомхатибҳо дар Душанбе дар як ҳафтаи ахир аст. Чанд рӯз пеш Кумитаи амният аз боздошти сархатиби ноҳияи Шоҳмансури Душанбе Абдулҳақ Обидовро боздошт ва ба пайрави аз ҷараёни мазҳабии салафия, ки дар Тоҷикистон мамнуъ аст, айбдор кард.

Асадулло Исмоиловро кормандони мақомот шаби 19-ум ба 20-уми апрел пас аз анҷоми намози “Таровеҳ” аз масҷиди Яккачинори пойтахт дастгир карданд. Субҳи дигар мақомот ба хонаи Асадулло Исмоилов, воқеъ дар деҳаи Теппаи Самарқандӣ, дар ноҳияи Рӯдакӣ омада китобҳо ва адабиёти онҷо бударо тафтиш карда, қисме аз онҳоро бо худ бурдаанд.

Асадулло Исмоилови 42-сола, оиладор ва шаш фарзанд дошта, дар деҳаи Тепаи Самарқандӣ зиндагӣ мекардааст.

Ӯ Донишгоҳи исломии Тоҷикистонро хатм карда, яке аз шогирдони Амонулло Неъматзода, собиқ муфтии Тоҷикистон будааст. Исмоилов нахуст дар яке аз масҷидҳои ноҳияи Рӯдакӣ ва баъдан имомхатиби масҷиди Яккачинори Душанбе таъин шудааст.

Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон ҳануз дар бораи иллати боздошти ду нафар аз имомхатибони масҷидҳои ҷомеи шаҳри Душанбе, ки тобеи идораи таҳти мудирияти вай мебошанд, ибрози назар накардааст.

Бештар бихонед:

 

Барчасп