Апрел 24, 2021 12:15 Asia/Dushanbe
  • Корҷуёни тоҷик метавонанд аз Тошканд, Алмаато ва Дубай низ ба Маскав парвоз кунанд, аммо нархи билет дар ин масирҳо болост
    Корҷуёни тоҷик метавонанд аз Тошканд, Алмаато ва Дубай низ ба Маскав парвоз кунанд, аммо нархи билет дар ин масирҳо болост

Имкони сафар ба Маскав барои муҳоҷирони тоҷик аз се кишвари дигар низ фароҳам шудааст, аммо муҳоҷирон аз нархи болои билети ин парвозҳо шикоят доранд.

Ба нақл аз Спутник, атбои тоҷикистонии ҷуёи кор метавонанд аз Тошканд, Алмаато ва Дубай низ ба Маскав сафар кунанд, ки албатта нархи билети ҳавопаймо дар ин масирҳои парвозӣ болост.

Дар масири Душанбе - Дубай - Маскав нархи билет барои ҳар мусофири тоҷик 8 ҳазору 216 сомонӣ ( 726 доллар ) хоҳад буд, ки арзонтарин ба ҳисоб меояд, аммо ин нарх аз Алмаато Қазоқистон ба Маскав барои ҳар тоҷик 17 ҳазору 880 сомонӣ ( 1580 доллар ) таъин шудааст.

Ҳамчунин парвоз аз Тошканди Узбакистон ба Маскав барои ҳар коргари муҳоҷири тоҷик 17 ҳазору 786 сомонӣ ( 1570 доллар ) хоҳад буд.

Ин дар ҳолест, ки нархи билет барои ҳар мусофир дар парвози ҳафтаии масири Душанбе ба Маскав 300 евро (4051 сомонӣ ) ва дар масири баргашт ба далели кам будани мусофир 130 евро ( 1794 сомонӣ ) таъин шудааст.

Бо ин ҳол, бисёре аз мусофирон дар ин масир аз гарон будани нархи билет, ки ширкатҳои Сомонэйри Тоҷикистон ва Ютэйри Русия таъин кардаанд, шикоят мекунанд.

Билети парвозҳои ин ду ширкати ҳавопаймоӣ ба Маскав то 10 ҳазор сомонӣ фурӯхта мешавад.

Ҳамчунин дар ин парвозҳо ҳамроҳ доштани озмоиши манфии Ковид 19 бо 72 соат эътибор ва ниқобу дасткаш илзомист.

 

Барчасп