Барқарории парвозҳо миёни Хуҷанди Тоҷикистон ва минтақаи Олтойи Русия
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i81726
Парвозҳои муназзами ҷадид миёни шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон ва шаҳри Барнаули Русия барқарор хоҳад шуд.
(last modified 2025-07-05T06:57:06+00:00 )
Феврал 23, 2022 13:42 Asia/Dushanbe
  • Барқарории парвозҳо миёни Хуҷанди Тоҷикистон ва минтақаи Олтойи Русия

Парвозҳои муназзами ҷадид миёни шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон ва шаҳри Барнаули Русия барқарор хоҳад шуд.

Парвози ҳафтаии муназзам миёни шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғди Тоҷикистон ва шаҳри Барнаул, маркази шаҳри Олтойи Русия аз 30 марти соли ҷорӣ барқарор хоҳад шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, ин парвози рафту баргашт ҳар ҳафта чаҳоршанбе анҷом хоҳад шуд.

Ширкати ҳавопаймоӣ Урали Русия ин парвозҳоро анҷом медиҳад.

Дар ҳоли ҳозир миёни Тоҷикистон ва Русия ҳудуди 50 парвози муназзами ҳафтаӣ барқарор аст.