Апрел 25, 2021 15:40 Asia/Dushanbe
  • Сохтмони роҳи оҳани Панҷканд-Самарқанд имкон медиҳад, ки гардиши бор дар байни Тоҷикистон ва Узбакистон афзоиш ёбад
    Сохтмони роҳи оҳани Панҷканд-Самарқанд имкон медиҳад, ки гардиши бор дар байни Тоҷикистон ва Узбакистон афзоиш ёбад

Мақомоти ҳамлу нақли Тоҷикистон ва Узбекистон дар нишасте дар Душанбе мавзӯи сохти роҳи оҳанро дар водии Зарафшон мавриди баррасӣ қарор доданд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷ Вик, ин хати роҳи оҳан  шаҳри Панҷакенти вилояти Суғдро ба вилояти Самарқанди Узбекистони пайваст хоҳад кард. 

Иҷроии ин тарҳ  мӯҷиби хориҷ шудани водии Зарафшони вилояти Суғд аз бунбасти иртиботӣ хоҳад шуд. 

Дар ин нишаст, ки бо ҳузури мақомоти вазоратҳои ҳамлу нақл, марзбонон ва гумруки Тоҷикистону Узбекистон баргузор шуд, тарафҳо дар бораи сохти хати роҳи оҳани миёни шаҳрҳои Панҷакент ва Самарқанд  баҳсу табодули назар карданд. 

Гуфта мешавад, ки бо сохти роҳи оҳан аз шаҳри Панҷакенти Тоҷикистон то истгоҳи Булунғури вилояти Самарқанд  имкони иттисоли се ноҳияи Панҷакент, Айнӣ ва кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд бо роҳи оҳани Узбекистон фароҳам мегардад, ки мӯҷиби афзоиши интиқоли коло мешавад. 

Ин тарҳ яке аз созшномаҳое хоҳад буд, ки дар сафари Раиси Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон дар рӯзҳои 10 то 12 июни имсол имзо мешавад. 

Акнун ҳайате аз намояндагони давлати Узбекистон дар Душанбе дар ҳоли омодасозии пешнависи асноде аст ки қарораст дар поёни сафари Мирзиёев ба имзо барисанд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп