Апрел 26, 2021 09:31 Asia/Dushanbe
  • Масоили марбут ба омодагии сафари расмии Шавкат Мирзиёев ба Душанбе аз мавзӯъоти дидори Расулзода ва Орифов буд
    Масоили марбут ба омодагии сафари расмии Шавкат Мирзиёев ба Душанбе аз мавзӯъоти дидори Расулзода ва Орифов буд

Нахуствазирони Тоҷикистону Узбекистон дар дидоре дар шаҳри Хуҷанд дар бораи сатҳи равобити феълӣ ва дурнамои густариши ҳамкориҳои ду кишвар баҳсу табодули назар карданд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Ховар,Қоҳир Расулзода ва Абдуллоҳ Орифов дар ин дидор масоили марбут ба омодагии сафари расмии Шавкат Мирзиёев ба Душанбе ва таҳияи тавофуқномаҳои нави  ҳамкории ду кишварро баррасӣ карданд.

   Дар ин нишаст, ки масъулони иқтисодии ду кишвар низ ҳузур доштанд, бар зарурати тақвияти ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷорӣ, обу энержӣ, саноъату сармоягузорӣ, беҳдоштӣ ва омӯзишӣ, гумрукӣ ва гардишгарӣ миёни Тоҷикистону Узбекистон таъкид шуд .

    Узбекистони сеюмин шарики муҳими тиҷории Тоҷикистон мебошад ва ҳаҷми муомилоти тиҷории ду кишвар дар соли 2020 ба 338 миллиону 800 ҳазор доллар расидааст .

  Гуфта мешавад дар ҳоли ҳозир матни 29 созшномаи ҳамкорӣ миёни ин ду кишвар дар дасти баррасӣ мебошад .

  Шавкат Мирзиёев-раиси ҷумҳӯрии Узбекистон дар торихи 10 то 12 июн дар чорчуби як сафари расмӣ аз Тоҷикистон боздид мекунад .

  Ин чаҳорумин сафари Мирзиёев ба Тоҷикистон пас аз интихоби вай ба унвони раиси ҷумҳӯрии Узбекистон дар соли 2016 хоҳад буд .

    

  Бештар бихонед :

 

Барчасп