Июл 22, 2023 12:43 Asia/Dushanbe
  • Дидори раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон бо нахуствазири Узбекистон

Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон бо Абдуллоҳ Орифов-нахуствазири Узбекистон дидор ва гуфтугӯ кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,  дар ин дидор тарафайн дар мавриди вазъияти кунунӣ ва чашмандози мушорикату иттиҳоди роҳбурдии байни Тоҷикистону Узбекистон баҳсу табодули назар карданд .Ҳамчунин бо ибрози ризоят бар раванди мусбати тавсеаи пойдори табодули коло байни ду кишвар таъкид шуд.
Раҳмон дар ин дидор ба фурсатҳои фаровон дар бахшҳои мухталифи саноеъ, энержӣ,ҳамлу нақл, кишоварзӣ, гардишгарӣ ва соири ҳавзаҳои мавриди алоқа ишора кард.
Тавваҷуҳи вижа ба густариши фаъоли равобити мустақими иқтисодӣ байни воҳидҳои иқтисодӣ ва маҳофили тиҷорӣ дар бахши воқеии иқтисод ва тавсеаи бештари ҳамкориҳо дар сатҳи минтақа буд .
Тарафҳо тамоюли худро барои густариши табодулоти фарҳангӣ ва башардӯстона иброз карданд.
Раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон бар аҳамияти фаъолияти фаъоли Комиссиюни байндавлатии ҳамкориҳои тиҷорӣ ва иқтисодӣ ба манзури дастёбӣ ба аҳдофи тақвияти бештари ҳамкориҳо байни Тоҷикистону Узбекистон таъкид кард.
 

 

Барчасп