Сухангӯи Кумитаи давлатии умӯри дин :Суитафоҳум шуда аст
(last modified Mon, 26 Apr 2021 06:45:53 GMT )
Апрел 26, 2021 11:45 Asia/Dushanbe
  • Кумитаи умӯри дини Тоҷикистон пешниҳод карда буд, ки ба далели шароити коронаӣ меҳмониҳои ифторӣ баргузор нашавад
    Кумитаи умӯри дини Тоҷикистон пешниҳод карда буд, ки ба далели шароити коронаӣ меҳмониҳои ифторӣ баргузор нашавад

Сухангӯи Кумитаи давлатии умӯри дин ва танзими ҷашну маросими Тоҷикистон суханони раиси ин кумита дар бораи ифтории моҳи мубораки Рамазонро тавзеҳ дод .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, Афшини Муқим гуфтааст, ки манзури раиси Кумитаи давлатии умӯри дин ва танзими ҷашну маросими Тоҷикистон мамнӯъияти додани ифторӣ дар моҳи мубораки Рамазон нест ва суитафоҳум шудааст .

    Сулаймон Давлатзода ҳангоми ироаи тарҳи ислоҳи Қонуни танзими ҷашну маросим ба Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба далели шароити коронаӣ хостори ифторӣ додан танҳо дар дохили хонаводаҳо шуда буд, аммо корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ вокуниши шадиде ба ин мавзӯъ нишон доданд .

   Онон хостори мамнӯъияти фаъолияти Кумитаи давлатии умӯри дин ва танзими ҷашну маросими Тоҷикистон ба далели мудохилоти беш аз ҳадди ин ниҳод дар зиндагии мусулмонон шудаанд .

    Афшини Муқим- сухангӯи Кумитаи давлатии умӯри дин ва танзими ҷашну маросими Тоҷикистон мегуяд, ки ҳангоми баррасии тарҳи ислоҳи Қонуни танзими ҷашну маросим ба Маҷлиси намояндагон ҳарфе дар бораи манъи ифторӣ додан дар моҳи Рамазон ба миён наомада ва танҳо дар бораи афзоиши мизони ҷаримаи молии тахаллуфи корона баҳс шудааст .

   Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо афзоиши ҷаримаи молии поймолкунандагони ин қонун мувофиқат кард .

    Ба гуфтаи мақомоти Кумитаи давлатии умӯри дин ва танзими ҷашну маросими Тоҷикистон дар соли 2020 додгоҳҳои кишвар бо баррасии мавридҳои нақзи ин қонун  600 нафарро ба маблағи 2 миллиону 559 ҳазору 919 сомонӣ ҷарима кардаанд .

    

  Бештар бихонед :