Июл 01, 2023 14:20 Asia/Dushanbe
  • Эъломи замони бозгашти ҳоҷиёни тоҷик аз Арабистон ба Тоҷикистон

Кумитаи дин, танзими суннатҳо ва ҷашнҳову маросими Тоҷикистон замони бозгашти ҳоҷиён аз Арабистонро эълом кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник , Афшин Муқим-сухангӯи Кумитаи дин, танзими суннатҳо ва ҷашнҳову маросими Тоҷикистон, ки дар шаҳри Маккаи Арабистони саъудӣ ҳузур дорад гуфт : Бозгашти ҳоҷиёни Тоҷикистон эҳтимолан аз панҷуми июл оғоз мешавад . Вай тасреҳ кард : Раванди бозгашти ҳоҷиёни даҳ рӯз идома хоҳад дошт. Сухангӯи Кумитаи дини Тоҷикистон гуфт : Имсол 4500 нафар аз ин кишвар барои зиёрати хонаи Худо ба Арабистон сафар карданд. Хараҷоти ин сафар барои ҳар нафар 59 ҳазор сомонӣ ё 5 ҳазору 630 доллар буд.
 

 

Барчасп