Дархости Бонки ҷаҳонӣ барои хориҷ кардани Ширкати Телеком аз инҳисори давлат
Намояндаи Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон хориҷ кардани Ширкати мухобиротии Телекомро аз инҳисори хадамоти давлатии иртиботот ва мухобироти ин кишвар хостор шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Топ Тиҷӣ, Ян Питер Элтерс дар ҳамоиши байналмилалӣ бо мавзӯи " баррасии аҳамияти иқтисоди диҷиталӣ барои Тоҷикистон " дар Душанбе бо баршумурдани мушкилоти дастрасии сокинони ин кишвар ба интернет гуфт: Бар асоси омори расмии 70 дарсади ҷамъияти Тоҷикистон дар манотиқи рустоӣ зиндагӣ мекунад, ки дар соли 2019 аз ҳар 100 зани хонадор танҳо як нафар ба интернет дастрасӣ доштааст.
Вай афзуд: Ҳамчунин мизони дастрасии сокинони Тоҷикистон ба интернети телефони мобилӣ дар ин сол танҳо 35 дарсад ва бештар дар шаҳрҳо будааст.
Ба гуфтаи намояндаи Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, Ширкати мухобиротии Телеком аз соли 2018 дар Тоҷикистон тамоми хадамоти интернетро дар даст гирифтааст ва дигар ширкатҳо маҷбур ҳастанд, ки интернетро аз ин Ширкати давлатӣ харидорӣ кунанд.
Ян Питер Элтерс изҳор кард: Ин дар ҳолест ки Ширкати байналмилалии Бадиком Baddikom дар тобистони соли 2020 эълом кард, ки Тоҷикистон дар миёни 124 кишвари ҷаҳон ба лиҳози суръати интернети телефони мобилӣ дар яке аз поинтарин ҷойгоҳҳо қарор дорад.
Вай таъкид кард: Танҳо роҳи таъмини фаъолияти мустақили ширкатҳои фароҳамгар хадамоти телефони мобилӣ дар ин кишвар хориҷсозии ин ширкатҳо аз инҳисори давлат аст.
Бештар бихонед: