Озодии имомхатиби боздоштшуда дар шаҳри Душанбе
(last modified Tue, 27 Apr 2021 05:31:07 GMT )
Апрел 27, 2021 10:31 Asia/Dushanbe
  • Гуфта мешавад, ки сабаби боздошти Асадуллоҳ Исмоилов суханронии ӯ дар маросими дафни домулло Ҳикматуллоҳ будааст.
    Гуфта мешавад, ки сабаби боздошти Асадуллоҳ Исмоилов суханронии ӯ дар маросими дафни домулло Ҳикматуллоҳ будааст.

Имоми масҷиди маҳаллаи Яккачинори пойтахти Тоҷикистон, ки шаби 20 апрел боздошт шуда буд, озод шудааст.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои  Хуросон ба нақл аз сомонаи Топ Тиҷӣ,   наздикони Асадуллоҳ  Исмоилов гуфтаанд, ки вай пас аз бозҷӯӣ озод шуда ва ба хонааш бозгаштааст. 

Қадриддин Исмоилов бародари Асадуллоҳ муддаӣ шудааст, ки афроди зиёде ҳастанд, ки суханони дурустро таҳриф ва ба мақомоти амниятӣ гузориш мекунанд ва чунин иттифоқе барои бародари вай афтодааст.  
  

Наздикони вай мӯътақиданд, ки далели боздошти имоми масҷиди маҳаллаи Яккачинори шаҳри Душанбе, суханронии ӯ дар маросими хоксупории домулло  Ҳикматуллоҳ аз пешвоёни тариқати Нақшбандия дар ноҳияи Тоҷикободи водии Рашт будааст.

Гуфта мешавад қироати ин байти аллома Иқболи Лоҳурӣ, ки "рамидӣ  аз худовандони афранг, вале бар гӯру гунбад  саҷда  пошӣ/ ба лолоӣ чунон одат гирифтӣ, зи санг  роҳи мавлоӣ тарошӣ " дар ин маросим дар боздошти Асадуллоҳ муассир будааст. 

Ин дар ҳолест, ки  Абдулҳақ Обидов имомхатиби масҷиди ҷомеи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе  ҳам, ки дар маросими хоксупории домулло Ҳикматуллоҳ дар ноҳияи Тоҷикободи водии Рашт  ширкат ва суханронӣ карда буд,боздошт шудааст. 

Агарчӣ далели боздошти имомхатиби масҷиди ҷомеи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе  иртиботи вай бо гурӯҳи салафия унвон шудааст, аммо наздиконаш  ин иддаоро рад мекунанд. 

 

Бештар бихонед: