Судури ҳукми зиндон барои як мубаллиғи ақоиди ифротигарӣ дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i68668
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе як ҷавонро баи иттиҳоми таблиғи афкори гуруҳҳои ифротӣ ба зиндон маҳкум кард .
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июн 13, 2021 12:58 Asia/Dushanbe
  • Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе
    Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе як ҷавонро баи иттиҳоми таблиғи афкори гуруҳҳои ифротӣ ба зиндон маҳкум кард .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутникудратуллоҳи Азизуллоҳ,ҷавони 23 сола дар Душанбе, ки сокини минтақаи Зиракии шаҳри Кулоб аст, ба иттиҳоми таблиғи афкори гуруҳҳои ифротӣ дар ҷомеъа бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоии интерентӣ ба 5 солу 6 моҳ зиндон маҳкум шуд .
Вай бо ибрози пушаймонӣ аз ин иқдом аз додгоҳ дархост кард, ки дар муҷозоташ сабукӣ дода шавад .
Бар асоси банди 3071-и қонуни ҷиноии Тоҷикистон афроде, ки мубаллиғи афкори гуруҳҳои ифротӣ ҳастанд ба 5 то 10 сол зиндон маҳкум мешаванд .

 


Бештар бихонед :