Вазири дифои Русия ба Тоҷикистон сафар кард
Вазири дифои Русия ба манзури ширкат дар ҷаласаи Шӯрои вазирони дифои Созмони Паймони Амнияти Ҷамъӣ вориди Душанбе пойтахти Тоҷикистон шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, ин нишасти рӯзи сешанбе дар маҳалли «Қасри Офицерон"-и Душанбе баргузор мешавад ва ширкаткунандагон мавзӯъоте монанди амнияти низомӣ ва мубориза бо чолишҳо ва таҳдидотро баррасӣ мекунанд.
Барномаҳое ба муносибати сиюмин солгарди имзои Паймони Амнияти Ҷамъӣ ва бистумини солгарди эҷоди ин созмон низ дар дастури кори иҷлос қарор дорад.
Илова бар ин вазири дифои Русия "Сергей Шайгу" дар ин сафар бо вазири дифои Тоҷикистон «Шералии Мирзо » дидор мекунад.
Вузарои дифои кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Ҷамъӣ ҳамчунин бо Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон « Эмомалӣ Раҳмон » дидор ва гуфтугӯ хоҳанд кард.
Созмони Паймони Амнияти Ҷамъӣ дар соли 1992 ва бо мушорикати кишварҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Узбекистон, ҷумҳурии Озарбойҷон ва Гурҷистон ташкил шуд.
Яке аз аҳдофи умдаи ин созмон маҳдуд кардани заминаи густаришу нуфузи Созмони Паймони Атлантики шимолӣ ( НАТО ) ва Амрико дар минтақа аст.
Бештар бихонед: