Русия ва Тоҷикистон системаи муштараки дифои ҳавоӣ ташкил медиҳанд
(last modified Tue, 27 Apr 2021 12:36:14 GMT )
Апрел 27, 2021 17:36 Asia/Dushanbe
  • Русия муътақидаст, иттиҳоди сомонаи дифои ҳавоии Русия ва Тоҷикистон ба беҳбуди амнияти марзҳои давлатӣ кумак мекунад
    Русия муътақидаст, иттиҳоди сомонаи дифои ҳавоии Русия ва Тоҷикистон ба беҳбуди амнияти марзҳои давлатӣ кумак мекунад

Вазирони дифои Русия ва Тоҷикистон тавофуқномаи иттиҳоди сомонаҳои дифои ҳавоии ду кишварро имзо карданд.

Ба гузориши ИРНА, ин тавофуқнома рӯзи сешанбе дар ҳошияи нишасти Шӯрои вазирони дифои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар шаҳри Душанбе байни ду тараф ба имзо расид.

Сергей Шоӣгу гуфт. ки Анҷумани дифои ҳавоии Русия ва Тоҷикистон ба беҳбуди амнияти марзҳои давлатӣ дар осмон кумак мекунад.

Вай ҳамчунин намояндагони гуруҳи дифоии Тоҷикистонро ба конфронси Маскав дар мавриди амнияти байналмилал, Маҷмаи байналмилалии фаннӣ, низомӣ ва бозиҳои байналмилалии артиш даъват кард.

Ҳамчунин музокироти бештаре байни ду тараф бидуни ҳузури расонаҳо анҷом шуд.

Бештар бихонед: