Май 01, 2021 10:34 Asia/Dushanbe
  • Шумори зиёде аз қурбониён ва маҷрӯҳони ин даргирии хунин, ғайринизомиён будаанд
    Шумори зиёде аз қурбониён ва маҷрӯҳони ин даргирии хунин, ғайринизомиён будаанд

Бо гузашти беш аз як шабонарӯз аз даргирии марзии Тоҷикистону Қирғизистони тозатарин оморҳо аз афзоиши талафоти ин ҷанг хабар медиҳанд.

Ба нақл аз манобеи маҳаллӣ, Азиза Султонбоева, муовини аввали вазири тандурустии Қирғизистон эълом кард, ки дар даргирии рӯзи 29 апрел миёни марзбонони тоҷику қирғизи 31 табааи ин кишвари кушта ва 154 нафар низ захмӣ шудаанд.

Ин дар ҳолест, ки пеш аз ин Қирғизистон шумори куштаҳои худро 15 тан ва маҷрӯҳонро беш аз 130 нафар эълом карда буд.

Ҳамчунин манобеи мустақил дар Тоҷикистони теъдоди кушташудагонро 12 нафар ва шумори маҷрӯҳонро беш аз 90 нафар эълом кардаанд, ки 4 тан аз ин афрод афсарони нерӯи марзбонии ин кишвар ҳастанд.

Бар асоси гузориши манобеи хабарӣ, шумори зиёде аз қурбониён ва маҷрӯҳони ин даргирии хунин, ғайринизомиён будаанд.

Бештар бихонед:

 

Барчасп