Президенти Қирғизистон 2 рӯз азои умумӣ эълон кард
(last modified Sat, 01 May 2021 07:07:35 GMT )
Май 01, 2021 12:07 Asia/Dushanbe
  • Нерӯҳои марзбонӣ ва таҷҳизоти низомии Тоҷикистон ба маҳалли истиқрори доими худ бозгаштанд
    Нерӯҳои марзбонӣ ва таҷҳизоти низомии Тоҷикистон ба маҳалли истиқрори доими худ бозгаштанд

Президенти Қирғизистон барои марги қурбониёни низои марзӣ мотами дурӯза эълон кард.

Ба иттилои Спутник, рӯзҳои 1-2 май дар Қирғизистон мотам барои афроди ҳалокшуда дар муноқишаи марзӣ эълон карда шуд.

"Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов фармонеро имзо кард, ки мувофиқи он 1-2 майи соли 2021 дар Қирғизистон рӯзҳои мотами миллӣ эълон карда мешавад".

Қайд карда мешавад, ки дар рӯзҳои мотам дар саросари кишвар, инчунин дар биноҳои намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгарӣ дар хориҷа, парчамҳои давлатӣ фароварда мешаванд, ба муассисаҳои фарҳангӣ ва шабакаҳои телевизионӣ тавсия дода мешавад, ки чорабиниҳо ва барномаҳои фароғатиро лағв кунанд.

Инчунин хабар дода мешавад, ки мақомот ба оилаҳои ҳалокшудагон ва маҷрӯҳон ёрии зарурӣ мерасонанд.

Бештар бихонед: