Май 01, 2021 19:11 Asia/Dushanbe
  • Владимир Путин дар нишасти моҳи сентябри сарони Созмони Ҳамкории Шанхай дар Душанбе ширкат мекунад
    Владимир Путин дар нишасти моҳи сентябри сарони Созмони Ҳамкории Шанхай дар Душанбе ширкат мекунад

Раисиҷумҳури Русия барои ширкат дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай моҳи сентябри 2021 ба Тоҷикистон меояд.

Ба гузориши сомонаи Тоҷвик, Бахтиёр Ҳакимов, намояндаи раисиҷумҳури Русия дар Созмони Ҳамкории Шанхай гуфтааст, ки бар асоси барномаи таъйид шуда, қарор аст, ин нишаст дар шаҳри Душанбе рӯзҳои 16 ва 17 сентябри имсол бо ҳузури Владимир Путин баргузор гардад.

Ҳакимов таъкид кардааст: «нишасти сарони кишварҳои узви доим ва нозири Созмони Ҳамкории Шанхай дар пойтахти Тоҷикистон ба муносибати 20-умин солгарди таъсиси ин созмон баргузор мегардад, ки аз аҳамияти зиёде бархӯрдор мебошад, зеро дар ин нишаст аз фаъолияти 20 солаи ин созмон натиҷагирӣ ва барномаҳои ояндаи он мушаххас хоҳад шуд.»

Намоиши филми мустанад аз таърихи 20 солаи фаъолияти ин созмон, меҳварҳои муҳимми ҳамкории кишварҳои узв ва мушаххас кардани самту сӯи равобити оянда аз дигар барномаҳо хоҳад буд.

Ба гуфтаи Ҳакимов медоли ёдбуди 20 соли таъсиси созмони Ҳамкории Шанхай низ омода шуда, ки ба ширкаткунандагон дар нишасти Душанбе эҳдо хоҳад шуд.

Созмони Ҳамкории Шанхай дар моҳи июни соли 2001 дар Шанхай ба ибтикори Чин, Русия, Узбекистон, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон таъсис шуд ва дар соли 2017 Покистон ва Ҳинд низ ба узвияти доими ин созмон даромаданд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп