Май 02, 2021 12:45 Asia/Dushanbe
  • Лавров изҳор доштааст, ки Русия аз инки баҳсҳо танҳо бо роҳҳои сиёсӣ ва дипломатӣ ҳал карда шаванд, истиқбол мекунад
    Лавров изҳор доштааст, ки Русия аз инки баҳсҳо танҳо бо роҳҳои сиёсӣ ва дипломатӣ ҳал карда шаванд, истиқбол мекунад

Вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров бо ҳамтояш аз Тоҷикистон масоили марзиро баррасӣ намуд.

Ба иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, Сергей Лавров имрӯз бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод.

Лавров изҳор доштааст, ки Русия аз созишҳо, ки бо дастури сарони Қирғизистон ва Тоҷикистон, баҳсҳо танҳо бо роҳҳои сиёсӣ ва дипломатӣ ҳал карда шаванд, истиқбол мекунад.

"Изҳори умед карда шуд, ки Қирғизистон ва Тоҷикистон уҳдадориҳои ба гирифтаашонро барои комилан ба эътидол овардани вазъ ва барқарор кардани фазои эътимоду ҳамсоягии неки байни ду халқи бародар, қатъӣ иҷро хоҳанд кард", - гуфт Лавров.

Ин дар ҳолест, ки президентҳои ду кишвар, Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов низ зимни суҳбати дубораашон эҳтироми тарафайнро ба тамомияти арзии давлатӣ баён дошта, бори дигар таъкид намудаанд, ки техникаю нерӯ бояд аз марз ба макони доимии худ баргардонда шавад.

Таъкид шудааст, ки бозгардондани нерӯю техника бояд аз ҳарду ҷониб сурат гирад.

Бештар бихонед:

 

 

 

Барчасп