Дзюдочиёни тоҷик дар мусобиқаҳои байналмилалӣ дар Русия ширкат меварзанд
Май 02, 2021 18:07 Asia/Dushanbe
Дзюдочиёни Тоҷикистон дар мусобиқоти байналмилалии Русия ширкат мекунанд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Федератсияи дзюдои Тоҷикистон ин мусобиқот 5 то 7 май дар шаҳри Қазони Русияи баргузор хоҳад шуд.
Шаҳбоз Саидаброров ва Абӯмуслим Қайюмзода ( 60 килограм ) , Баҳром Суфиев, Алиҷон Сафаралиев ( 66 килограм ), Сомон Муҳаммадбеков ( 73 килограмм ), Акмал Муродов ( 81 килограм ) ва Комрон Шоҳустопириён ( 90 килограм ) 7 варзишкори тоҷике ҳастанд, ки ба ин мусобиқот эъзом хоҳанд шуд.
Пешбинӣ шуда 459 варзишкор ( 279 мард ва 180 зан ) аз 90 кишвари панҷ қорра дар ин мусобиқот ширкат кунанд.
Бештар бихонед:
Барчасп