Ҳузури ҷудукорони пешкисвати Тоҷикистон дар рақобатҳои байналмиллалии мардони Абузаби
Тоҷикистон бо ҳузури 21 ҷудукори 33 то 70 сола дар рақобатҳои байналмиллалии пешкисватон(бособиқа)и мардони Абузаби ҳузур дошт.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник , Набимуҳаммад Хоркашов-ҷудукори тоҷик ҳам дар ин рақобатҳо дар вазн беш аз 100 килограмм қаҳрамони ҷаҳон шуд.
Ҳамзамон тими миллии Тоҷикистон як медали нуқра ва се медали бринҷӣ касб кард.
Ба ин тартиб Хоркашорв барои расидан ба ин сатҳ дар чаҳор мусобиқа 3 куштигири қазоқ ва як куштигири узбакистониро шикаст дод.
Нишони нуқраро Қувватшоҳ Бердиеви 36 сола дар вазн 90 килограмм барои тими миллии Тоҷикистон ба армуғон овард.
Вай пас аз ғалаба бар ҳарифоне аз ҷумҳурии Озарбойҷон, Фронса ва Италия муқобили намояндаи Гурҷистон шикаст хӯрд ва ба мақоми дувум даст ёфт.
Се ҷудукори дигар - Ҳабибуллоҳ Маҷидови 70 сола дар вазн 81 килограмм, Хайруллоҳ Назарови 61 сола дар вазни беш аз 100 килограмм ва Беҳрӯз Сабзалиеви 47 сола дар вазни беш аз 100 килограмм нишони бринҷиро касб карданд.