Эъломи мавзеи ҳизбҳои Демократ ва Кишоварзии Тоҷикистон дар бораи даргириҳои марзӣ
Шӯрои сиёсии ду ҳизби Демократ ва Кишоварзии Тоҷикистон бо интишори баёнияҳои ҷудогона мавзеи худро дар бораи даргирии ахири марзӣ бо Қирғизистон эълом карданд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Топтҷ, дар баёнияи ҳизби Демократи Тоҷикистон таъкид шудааст, ки барои ҳалли ихтилофоти марзӣ бо Қирғизистон бояд нақшаҳои ҷуғрофиёии даврони Шуравӣ, ки солҳои 1924, 1927, 1957 ва 1959 тадвин ва марзҳои ду кишвар мушаххас шудааст, мавриди истифода қарор гирад .
Пештар Сайидҷаъфар Усмонзода-раиси ҳизби Демократи Тоҷикистон бо ишора ба тавофуқи вогузории муваққати бахше аз заминҳои ноҳияи Исфара ба иҷора ба унвони чарогоҳ ба тарафи Қирғизистон дар соли 1989, хостори бозгардондани ин заминҳо шуда буд .
Ҳамчунин ҳизби Кишоварзии Тоҷикистон бо истиқбол аз тавофуқи оташбас барои барқарории амният дар марз бо Қирғизистон, музокироти сиёсиро танҳо роҳи ҳалли ихтилофоти марзӣ бо кишвари ҳамсоя унвон кардааст .
Мақомоти ин ҳизб ҳамчунин хостори таъсиси комиссиюни муштарак барои назорат бар иҷрои тавофуқ бо Қирғизистон ва раванди аломатгузории марзии ду кишвар шудаанд .
Дигар ҳизбҳои сиёсӣ назири Сотсиалист, Ислоҳоти иқтисодӣ, Коммунист ва Халқӣ-Демократӣ, ки дар Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон намоянда доранд, ҳануз мавзеи худро дар бораи даргирии ахири марзӣ бо Қирғизистон эълом накардаанд .
Дар даргирии рӯзи 29 апрел дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ки бо имзои тавофуқи оташбас мутаваққиф шуд, даҳҳо нафар аз низомиёну шаҳрвандони ғайринизомии ду тараф куштаву захмӣ шуданд .
Бештар бихонед :
-
Дастёбии Тоҷикистону Қирғизистон ба тавофуқи усӯлӣ барои ҳаллу фасли ихтилофи марзӣ
-
Таниши марзи Қирғизистон ва Тоҷикистон меҳвари ройзании "Лавров" ва "Қазоқбоев"