Май 03, 2021 13:37 Asia/Dushanbe
  • Шералӣ Ризоиён-коршиноси сиёсӣ аз набуди ривояти тоҷикӣ дар расонаҳо аз моҷарои даргирии марзии ахир интиқод кард
    Шералӣ Ризоиён-коршиноси сиёсӣ аз набуди ривояти тоҷикӣ дар расонаҳо аз моҷарои даргирии марзии ахир интиқод кард

Коршиноси масойили сиёсии Тоҷикистон муътақидаст, ки расонаҳои хабарии Қирғизистон дар ҳоли муаррифии тарафи дигар ба унвони оғозгари даргириҳо ва гунаҳкори ин ҳодиса ҳастанд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Авесто, Шералӣ Ризоён мегуяд дар паи даргирии хунини марзии ахир миёни ду кишвари ҳамсоя акнун расонаҳои хабарии Қирғизистон, Тоҷикистонро оғозгару гунаҳкори ин ҳодиса муаррифӣ мекунанд .     Вай меафзояд : « Расонаҳои хабарии Қирғизистон бо интишори  матолиби фаровон талош мекунанд, ки Тоҷикистонро оғозгари ин        даргирӣ муаррифӣ кунанд ва мушаххас аст, ки қасд доранд ин   буҳрон шиддат пайдо кунад. Ҳоли он ки инъикоси комилан     якҷониба   ва ғаразварзонаи ин ҳодиса дар дарозмуддат мӯҷиби  эҷоди танаффур дар афкори умумии Қирғизистон алайҳи   Тоҷикистон мегардад . »

  Ин коршиноси сиёсӣ бо интиқод аз набуди ривояти тоҷикӣ дар расонаҳо аз моҷарои даргирии марзии ахир гуфт : « Муттаассифона расонаҳои хабарии давлатии Тоҷикистон дар ин маврид аслан ба ғайр аз чанд хабари кӯтоҳи расмӣ ҳеч матлабе мунташир намекунанд, то мӯҷиби равшан шудани моҷаро гардад . »

Ин коршиноси масойили сиёсии Тоҷикистон аломатгузорӣ нашудани марзи муштараки Тоҷикистону Қирғизистонро дар радифи дигар омилҳои ноамнӣ ҳамчун таҳдидоти террористӣ аз Афғонистон, қочоқи маводи мухаддир, фаъолияти гуруҳҳои ҷиноии фаромиллӣ ва мудохилаи қудратҳои рақиби хориҷӣ ва минтақаӣ қарор медиҳад ва муътақид аст дар сурати идомаи ин шароит амнияти Осиёи марказӣ бо хатари ҷиддӣ рӯ ба рӯ хоҳад шуд .

Шералӣ Ризоён бар ин бовар аст, ки танҳо роҳи поён додан ба ихтилофоти марзии Тоҷикистону Қирғизистон суръат бахшидан ба музокироти сиёсӣ барои аломатгузории марзи муштарак аст, ки заминаи барқарории амният ва рушди тиҷорат дар водии Ффарғонаро фароҳам мe созад .

 

  Бештар бихонед :

 

Барчасп