Интиқоли муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон аз боздоштгоҳ ба зиндон
Муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ва писараш, ки ба иттиҳоми даъват ба барандозии низоми сиёсӣ ва авбошӣ ба 14 ва 6 сол маҳкӯм шудаанд, барои гузарондани давраи маҳкӯмияти хеш аз боздоштгоҳи муваққати Вазорати адлияи ин кишвар ба зиндон мунтақил шудаанд.
Ба гузориши сомонаи Ахбори Осиёи Марказӣ, Маҳмурод Одинаев рӯзи 28 январи соли ҷорӣ аз сӯи додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ ба иттиҳоми даъват ба барандозии низоми сиёсӣ ва авбошӣ ба 14 сол зиндон маҳкӯм шуд.
Батаври ҳамзамон додгоҳи ноҳияи Ҳисор Шайх Муслиҳиддин писари вайро низ ба иттиҳоми авбошӣ ба 6 сол зиндон маҳкӯм кард.
Барасоси баёнияи қаблии Додситонии кули Тоҷикистон, Маҳмурод Одинаев бо эътироз ба эъзоми яке аз фарзандонаш ба хизмати сарбозӣ ин иқдомро ғайриқонӯнӣ хонда ва пас аз даргирӣ бо кормандони қисми ҳарбии ноҳияи Ҳисор аз маҳали ҳодиса фирор карадааст.
Аммо вай дар шаҳри Душанбе боздошт ва дар додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ ба 14 сол зиндон маҳкӯм шуд.
Мақомоти Ҳизби сотсиал-демократ ин ҳукмро сангин ва ғайримунсифона унвон кардаанд.
Бештар бихонед:
- Додситонии кули Тоҷикистон: ҳукми маҳкӯмияти Маҳмурод Одинаев дуруст аст
- Дархости 15 сол зиндон барои Маҳмурод Одинаев