Мушкилоти пеши рӯи Тоҷикистон ва Қирғизистон дар иҷрои тавофуқи марзӣ
(last modified Wed, 05 May 2021 05:19:34 GMT )
Май 05, 2021 10:19 Asia/Dushanbe
  • Баъзе коршиносон татбиқи созишномаи аломатгузории марзи Тоҷикистону Қирғизистонро мушкил ҳисоб мекунанд
    Баъзе коршиносон татбиқи созишномаи аломатгузории марзи Тоҷикистону Қирғизистонро мушкил ҳисоб мекунанд

Мудири Маркази тадқиқотии Осиёи Марказӣ ва Қафқоз дар Академияи илмҳои Русия чунин мешуморад, ки татбиқи созишномаи ахири Тоҷикистон ва Қирғизистон дастоварди муҳим аст, аммо иҷрои он мушкилоти худро дорад.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи ТопТиҷӣ,     Станислав  Притчин гуфтааст то ба ҳол аз марзи 976 километрии муштараки байни ду кишвар фақат бар сари аломатгузории 506 километр тавофуқ шудааст, ки нишон медиҳад тайи 30 соли гузашта  Тоҷикистон ва Қирғизистон бо чӣ мушкилоте рӯ ба рӯ буданд.

 

Притчин мегӯяд: «Дар нақшаҳои ҷуғрофиёии водии Фарғона, ки минтақаи дорои  бештарини тарокуми ҷамъият дар қаламрави Ҷомеаи Ҳамсуд бо мизони болои  бекорӣ, маҳдуд будани заминҳои кишоварзӣ, чарогоҳҳо ва манобеи об аст, тамоми  роҳҳои иртиботӣ ва шаҳрҳову ноҳияҳо ба ҳам печида воқеъ шудаанд ва ҷудо кардани ин ҳамаи воҳидҳо кори сахте хоҳад буд.»   

Вай афзудааст: «Вогузории камтарини замин ё манобеи оби як кишвар ба ҳамсоягон бо эътирози шадиди сокинон  рӯ ба рӯ хоҳад шуд ва давлатҳо бояд ин иқдоми худро бар асоси далелу мантиқ тавҷеҳ кунанд.» 

Аз дидгоҳи Станислав Притчин баргардондани эътимод  миёни сокинони манотиқи марзии Тоҷикистону Қирғизистон, ки аз даргирии ахири марзӣ осеб дидаанд ва акнун ба якдигар бовар надоранд ва мутақоъид  сохтани онон барои идомаи зиндагии мусолиматомез ба солҳо замон ниёз дорад. 

 Қарор аст рӯзи 9 май бо сафари Садир Ҷабборов ба Душанбе, тавофуқи аломатгузории 112 километр аз марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон имзо шавад.

 

Бештар бихонед: