Дидори Эмомалӣ Раҳмон ва Залмай Халилзод дар Душанбе
-
Дар мулоқот бо Залмай Халилзод, Эмомалӣ Раҳмон раванди сулҳ дар Афғонистонро дастгирӣ кард
Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи вижаи Амрико дар умури сулҳи Афғонистон дар шаҳри Душанбе дидор ва авзои Афғонистонро баррасӣ карданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Ховар, дар дидори Эмомалӣ Раҳмон ва Залмай Халилзод дар бораи равобити дуҷониба, авзоъи амниятии минтақа, вазъияти феълии Афғонистон, ба вижа раванди музокироти сулҳи байни афғонӣ баргузории конфаронси сулҳ дар Истанбул ва берун рафтани нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон баҳс ва табодули назар шуд.
Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин дидор таъкид кард, ки Душанбе аз талошҳои давлати Афғонистон барои барқарории сулҳу амнияти пойдор ва поён додан ба даргириҳо дар ин кишвари ҳамсоя ҳимоят мекунад.
Раҳмон таъкид кард, ки зарурат дорад кишварҳои ҳамсояи Афғонистон барои муборизаи муштарак бо тероризм, гурӯҳҳои созмонёфтаи ҷиноии фаромиллӣ ва қочоқчиёни маводи мухаддир ва низ барои бозсозии ин кишвар бо давлати Кобул ҳамкории наздик дошта бошанд.
Залмай Халилзод низ дар ин дидор гуфт аз талошҳои давлати Тоҷикистон барои барқарории сулҳ дар Афғонистони ибрози ризоят мекунад ва умедвор аст ки дар ояндаи наздик шоҳиди рушду пешрафти Афғонистон бошад.
Бештар бихонед: