Май 05, 2021 17:23 Asia/Dushanbe
  • Истанбул аз идомаи гуфтугӯҳои ҳайатҳои тоҷику қирғиз ҳимоят мекунад
    Истанбул аз идомаи гуфтугӯҳои ҳайатҳои тоҷику қирғиз ҳимоят мекунад

Сафири Туркия дар дидори муовини аввали вазири умури хориҷаи Тоҷикистон гуфт, Анкара омодааст ба осебдидагони даргирии ахири Тоҷикистон бо Қирғизистон кумакрасонӣ кунад.

Эмре Закӣ Карагёл дар дидори Хусрав Нозирӣ, муовини аввали вазири умӯри хориҷаи Тоҷикистон дар Душанбе бо ишора ба равобити дӯстӣ ва ҳамкории деринаи Тоҷикистону Туркия таъкид кард, ки Истанбул аз идомаи гуфтугӯҳои ҳайатҳои тоҷику қирғиз ва талошҳои муштарак барои ҳали ихтилофоти марзӣ байни ду кишвари ҳамсоя ҳимоят мекунад.

Ҳамчунин ду тараф дар ин дидор бо баррасии воқеаҳои ахир ва авзои кунӯнӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон таъкид карданд, ки ҳаллу фасли масоили марбӯт ба таъину аломатгузории марзҳо бо Қирғизистон танҳо аз тариқи музокира ва бар асоси тавофуқномаҳои дуҷониба қаблӣ имконпазир аст.

Ду тараф ҳамчунин дар мавриди вазъи кунӯнӣ ва дурнамои густариши ҳамкориҳо байни Тоҷикистону Туркия табодули назар карданд.

Бештар бихонед:

 

Барчасп