Мақоми маҳаллӣ иддаои ихроҷи қирғизҳои ноҳияи Лахшро рад кард
(last modified Thu, 06 May 2021 06:42:44 GMT )
Май 06, 2021 11:42 Asia/Dushanbe
  • Фармондори минтақаи Сартлайи ноҳияи Лахш мегӯяд қирғизхҳо ва тоҷикҳои ин минтақа ҳеч ихтилофе бо ҳам надоранд
    Фармондори минтақаи Сартлайи ноҳияи Лахш мегӯяд қирғизхҳо ва тоҷикҳои ин минтақа ҳеч ихтилофе бо ҳам надоранд

Губернатори минтақаи Сартлаи минтақаи Лахш дар шарқи Тоҷикистон иддаои ихроҷи қирғизҳо аз минтақаро рад кард.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Авесто, Абдуллоҳ Шомов, ки худ низ аз қирғизҳои минтақа мебошад гуфтааст, ки 80 дарсади ҷамъияти ин фармондорӣ қирғиз ва 20 дарсад тоҷик ҳастанд ва ҳеч ихтилофе миёни онон вуҷуд надорад. 

Вай таъкид кард: «Аслан тайи солҳои зиёд  қирғизҳо ва тоҷикҳо дар канори ҳам зиндагии мусолиматомез дошта ва ба хешу табор табдил шудаанд. Албата гирифтани тобеъияти Қирғизистон барои сокинони ин фармондорӣ қаблан роиҷ буд, ки ба манзури сафари осон ба Русия ба унвони кишвари узви Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё ва худдорӣ аз хизмати сарбозӣ дар Тоҷикистон анҷом мешуд, аммо солҳои ахир  ин раванд коҳиш ёфтааст.» 
  

Шомов таъкид кард: «Мушкилоте, ки дар ноҳияҳои Исфара ва Ботканд вуҷуд дорад барои мардуми минтақаи Лахш ғайри қобили тасаввур мебошад.» 

Ҳамчунин Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон  иттилооти мунташиршуда дар теъдоде аз расонаҳои Қирғизистонро дар бораи шиддат ёфтан кантроли гузарнома барои сокинони қирғизи ноҳияи Лахш дар иртибот бо даргирии ахири марзӣ дар вилоятҳои Суғд ва Ботканд, рад кард.

 

Бештар бихонед: