Май 06, 2021 19:39 Asia/Dushanbe
  • Намоишгоҳи маводи ғизоии Тоҷикистон
    Намоишгоҳи маводи ғизоии Тоҷикистон

Дар Намоишгоҳи шаҳри Душанбе навъҳои гуногуни маводи ғизоӣ бо нархи арзон ба муштариён пешниҳод мешавад .

  Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз вазорати саноъат ва фанновариҳои навини Тоҷикистон 30 ширкат дар ин намоишгоҳ ҳузур доранд .

   Умед Солеҳзода-муовини вазири саноъат ва фанновариҳои навини Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ гуфт : Баргузории чунин намоишгоҳҳое ҳам барои ширкатҳо ва ҳам барои муштариён  фурсати хубе аст, зеро ба ширкатҳои маҳаллӣ ин имконро медиҳад, то маҳсӯлоти худро бо нархи поин ба муштариён ироа кунанд .

Насимҷон Анваров, муовини аввали раиси Палатаи савдои Тоҷикистони низ гуфт : Дар ин намоишгоҳ ширкатҳои муътабар маҳсӯлоти худро барои фурӯш арза карданд .

Усмон Имомов-намояндаи ширкати маҳсӯлоти ширии  Тоҷикистон низ изҳор кард : 86 навъ  маҳсӯлоти ширкат дар ин намоишгоҳ фурӯхта мешавад .

Шаҳрвандон Тоҷикистон метавонанд то 9 май аз ин намоишгоҳ дар маҳали кохи Борбади шаҳри Душанбе дидан кунанд .

 

  Бештар бихонед :

 

Барчасп