Май 07, 2021 11:57 Asia/Dushanbe
  • 19 шаҳрванди Тоҷикистон дар даргирии марзӣ бо Қирғизистон кушта ва 87 нафар маҷрӯҳ шуданд
    19 шаҳрванди Тоҷикистон дар даргирии марзӣ бо Қирғизистон кушта ва 87 нафар маҷрӯҳ шуданд

Тоҷикистон баъд аз як ҳафта ба таври расмӣ теъдоди кушташудагон бар асари даргирии мусаллаҳона дар марз бо Қирғизистонро эълом кард.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз дафтари матбуотии раиси вилояти Суғди Тоҷикистон, бар асари даргирии мусаллаҳонаи 29 апрел дар марз бо Қирғизистон  19 шаҳрванди тоҷик  кушта ва 87 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. 

Рӯзи 5 май раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва фармондиҳи нерӯи марзбонии Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ба дидори хонаводаҳои қурбониёни ин даргирӣ рафтанд ва ба хешон ва бастагони онҳо тассалият  гуфтанд. 

Онон ҳамчунин аз тарафи давлати Тоҷикистон ба ҳар хонавода  70 ҳазор сомонӣ тақдим карданд.

  
Раиси вилояти Суғд ба хонаводаҳои низомиёни кушташуда итминон дод, ки давлат  онҳоро танҳо нахоҳад гузошт ва барои кумак ба онҳо, аз ҷумла  кӯдаконашон  тамоми тадбирҳои лозимро ба кор  хоҳад бурд. 

Дар маҷмӯъ ҳукумати Душанбе барои кумак ба хонаводаҳои ҷонбохтагон ва маҷрӯҳони даргирӣ дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон 3 миллион сомонӣ муодили 265 ҳазор доллар ихтисос додааст. 

Ҷониби Қирғизистон низ эълом кардааст, ки дар муноқишаи марзии рӯзи 29 апрел  200 шаҳрвандаш  захмӣ ва 36 тани дигар кушта шуданд.

Тоҷикистон ва Қирғизистон  970 километр  марзи муштарак доранд ва токунун танҳо 519 километр аз он таъин ва аломатгузорӣ шудааст.

 

Бештар бихонед:

Барчасп