Май 08, 2021 08:49 Asia/Dushanbe
  • Дар иртиботи тасвирии мақомҳои тоҷику афғон мавзуи сохти як пули дигар байни ду кишвар баррасӣ шуд
    Дар иртиботи тасвирии мақомҳои тоҷику афғон мавзуи сохти як пули дигар байни ду кишвар баррасӣ шуд

Тоҷикистон ва Афғонистон мавзуи сохти як пули ҷадиди иртиботии миёни ин ду кишварро баррасӣ карданд.

Ба нақл аз сомонаи Азия-Плюс, дар ин нишаст, ки аз тариқи иртиботи тасвирӣ баргузор шуд, вазирони нақлиёти Тоҷикистон ва иқтисоди Афғонистон, намояндагони Иттиҳоди Аврупо ва бунёди Оғохон бар зарурати оғози ҳарчи зудтари сохти ин пул миёни ноҳияи Фархори Тоҷикистон ва бандари Ойхонуми вилояти Таххори Афғонистон рӯи рӯдхонаи марзии Панҷ таъкид карданд.

Азим Иброҳим ва Карим Ҳомиди Фориёбӣ гуфтаанд, ки ба ин манзур бояд масири заминӣ ба тӯли 50 километр аз маркази ноҳияи Восеъ то ноҳияи Фархори вилояти Хатлон дар марз бо Афғонистон сохта шавад.

Ҳазинаи сохти ин роҳ ва пули ҷадиди иртиботии миёни Тоҷикистону Афғонистонро комиссияи Аврупо бо истифода аз манобеи молии Бонки рушди Олмон таъмин хоҳад кард.

Ин тарҳ дар чорчуби барномаи Иттиҳоди Аврупо ба номи ҳамгароии Покистон, Афғонистон ва Тоҷикистон иҷро хоҳад шуд.

Дар ҳоли ҳозир миёни Тоҷикистону Афғонистон 7 пули иртиботӣ фаъол мебошад, ки 5 пулро бунёди Оғохон дар вилояти Бадахшон сохтааст.

Бештар бихонед:

 

Барчасп