Бистарӣ шудани теъдоде аз сарбозони маҷрӯҳи афғонистонӣ дар бемористони Фархор
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i69420-Бистарӣ_шудани_теъдоде_аз_сарбозони_маҷрӯҳи_афғонистонӣ_дар_бемористони_Фархор
Теъдоде аз сарбозони маҷрӯҳи афғонистонӣ дар бемористони Фархор бистарӣ шуданд.
(last modified 2025-09-23T13:17:57+00:00 )
Июн 25, 2021 17:23 Asia/Dushanbe

Теъдоде аз сарбозони маҷрӯҳи афғонистонӣ дар бемористони Фархор бистарӣ шуданд.

Ҳаводиси ахири Афғонистон таъсири чандоне дар авзои амниятии Тоҷикистон надоштааст.

Коршиносон ва мақомоти ноҳия Фархор мегӯянд, авзои навоҳии марзӣ ором аст.

Пас аз тасаллути комили гурӯҳи Толибон бар ноҳияи Қундӯзи Афғонистон, теъдоде аз сарбозон ва нерӯҳои давлатии афғон, ки тавони муқобила бо Толибонро надоштанд, аз тариқи гузаргоҳҳои марзӣ ба Тоҷикистон паноҳ оварданд.

Бо ҳамоҳангии мақомот, теъдоде аз низомиёни захмии афғонистонӣ низ дар бемористони ноҳияи Фархор бистарӣ ва дармон шуданд.