Май 08, 2021 15:09 Asia/Dushanbe
  • Қарор аст, Қазоқистон ба унвони бахше аз кумакҳояш 10 ҳазор тонна орд ба Қирғизистон бифристад
    Қарор аст, Қазоқистон ба унвони бахше аз кумакҳояш 10 ҳазор тонна орд ба Қирғизистон бифристад

Пас аз даргирии марзии ахири Қирғизистону Тоҷикистон, давлати Қазоқистон кумакҳои башардӯстона ба Қирғизистон ирсол мекунад.

Берик Уали, сухангуи раисҷумҳури Қазоқистон дар баёнияе дар саҳифаи Фейсбуки худ навишт: “Президент Касим-Жомарт Токаев қасд дорад, дар чорчуби усули дӯстӣ ва мушорикати стратегӣ, кумакҳои башардӯстона барои кишвари бародари Қирғизистон ирсол кунад”.

Дар ин баёния ишора шудааст, ки 10 ҳазор тонна орд ба унвони бахше аз кумакҳои башардӯстона ба Қирғизистон ирсол мешавад ва давлати Қазоқистон барои идома ёфтани ин кумакҳо талош хоҳад кард.

Пас аз вуқуи даргирии низомӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар таърихи 29 апрел, Токаев бо Содир Ҷабборов, ҳамтои қирғизистонии худ телефонӣ гуфтугӯ кард ва изҳор дошт, ки давлати Нурсултон ба намояндагӣ аз мардуми қазоқ омодаи ироаи кумакҳои башардӯстона ба Қирғизистон аст.

Дар ҳоли ҳозир давлати Қазоқистон дар ҳоли таҳияи 10 ҳазор тонна орд барои ирсол ба Қирғизистон аст.

Бештар бихонед:

 

Барчасп