Поёни пеш аз муҳлати давраи намояндагии узви порлумони Тоҷикистон
Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон пеш аз муҳлати таъин шуда ба ваколати як узви худ поён дод.
Ба гузориши сомонаи Спутник, дар пайи интисоби Абдураҳим Холиқзода, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон дар умӯри сохтори давлатӣ ва шӯроҳои маҳаллӣ ба мақоми мудири Маркази исломшиносии ин кишвар фаъолияти намояндагии вай поён ёфт.
Вай аз соли 2010 то 2015 дар вазифаи раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон фаъолият дошта, аз 1 марти 2015 то ҳол вакили парлумон буд.
Холиқзода дар моҳи марти соли 2020 низ аз феҳристи номзадҳои Ҳизби халқӣ-демократӣ дубора ба намояндагии Маҷлиси қонӯнгузории Тоҷикистон баргузида шуд.
Аммо дар пайи фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз 27 апрели имсол бори дигар ба мақоми мудири Маркази исломшиносӣ мансӯб ва ҷонишини Муродулло Давлатзода шуд.
Бештар бихонед: