Май 09, 2021 10:13 Asia/Dushanbe
  • Раисони ҷумҳӯрии Тоҷикистон ва Русия дар Маскав бо якдигар дидору гуфтугӯ карданд
    Раисони ҷумҳӯрии Тоҷикистон ва Русия дар Маскав бо якдигар дидору гуфтугӯ карданд

Раисони ҷумҳӯрии Тоҷикистон ва Русия дар Маскав бо якдигар дидору гуфтугӯ карданд .Раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон барои ширкат дар маросими ҳафтоду шашумин солгарди пирӯзии артиши Шуравӣ дар Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ ба Маскав сафар кардааст .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи РИА Новости, дар дидори Эмомали Раҳмон ва Владимир Путин дар бораи робитаҳои дуҷониба, ҳузури коргарони муҳоҷири тоҷик, афзоиши парвозҳо миёни ду кишвар, муборизаи муштарак бо бемории корона,авзоъи марзи Тоҷикистону Афғонистон баҳсу табодули назар шуд .

Путин дар ин мулоқот бо табрики ҷашни солгарди пирӯзии Шуравӣ бар Олмони фашистӣ  дар Ҷанги ҷаҳонии дувум гуфт : Сарбозони тоҷик бо ҷонфишонӣ саҳми басазое дар ин пирӯзӣ доштанд .

  Вай афзуд : Дар ин набард Тоҷикистон сеяки  аҳолии худро аз даст дод ва ин фидокорӣ ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад шуд .

Раиси ҷумҳӯри Русия таъкид кард: Мавзӯи  ҳузури коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия  барои иқтисоди Тоҷикистон муҳим аст ва Маскав бо дар назар гирифтани камбуди неруи корӣ талош хоҳад кард, ки барои ин афрод шароити матлуби кор ва истиқомат фароҳам кунад .

  Эмомалӣ Раҳмон низ дар ин дидор дидгоҳи худро дар бораи нигаронӣ аз авзоъи амниятии Афғонистон дар пайи хурӯҷи низомиёни Амрико, зарурати тақвияти контроли марзи Тоҷикистон бо Афғонистон, мубориза бо тероризму ифротгароӣ, ҷиноёти созмонёфтаи фаромиллӣ ва қочоқи маводи мухаддир баён кард .

Вай ҳамчунин хостори афзоиши сармоягузории Русия дар иқтисоди Тоҷикистон шуд .

Раҳмон афзуд : Тоҷикистон омодагӣ дорад мизони содироти меваву сабзавот ба Русияро афзоиш диҳад .

 

 

    Бештар бихонед :

 

Барчасп