Май 10, 2021 12:48 Asia/Dushanbe
  • Қарор аст, нерӯҳои полиси Тоҷикистону Қирғизистон дар манотиқи марзии мавриди ихтилоф гаштзанӣ кунанд
    Қарор аст, нерӯҳои полиси Тоҷикистону Қирғизистон дар манотиқи марзии мавриди ихтилоф гаштзанӣ кунанд

Навҷувонов ва вазири қирғиз гуруҳҳои муштараки пулиси ду кишварро таъсис доданд.

Абдулло Навҷувонов, сардори Раёсати умури дохила дар вилояти Суғд бо Вазири корҳои дохилаи Қирғизистон Улан Ниёзбеков вохурд.

Ба нақл аз Sputnik, дар вилояти Бодканди Қирғизистон ҷонибҳо дар бораи ба эътидол овардани вазъ дар минтақаҳои наздимарзӣ, танзими тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо, риояи якҷояи қонуният ва тартибот мубодилаи афкор намуданд.

Ҳамчунин, Навҷувонов ва Ниёзбеков ба мувофиқа расиданд, ки дар марз навбатдории полиси ду кишварро барои таъмини татиботи ҷамъиятӣ ба роҳ монанд.

Вазорати умури дохилаи Қирғизистон ҳамоно ҳисоби хисорот аз таниши ахири марзиро идома медиҳад.

Маҳз ба ҳамин хотир вазири умури дохилаи Қирғизистон, Улан Ниёзбеков ба вилояти Бодканд сафар кард.

Ӯ аз рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои нави қисми низомии неруҳои дохилии шумораи 707 дар деҳаи Коктош шинос шуд.

Ёдовар мешавем, вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрел дар пайи як баҳс сари дарғоти “Головной” шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвар печид.

Бар асари даргирии мусаллаҳонаи 29 апрел дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 19 шаҳрванди тоҷик кушта ва 87 нафари дигар захмӣ шуданд.

Ҷониби Қирғизистони омори ин даргириро 200 захмӣ ва 36 кушта эълом кардааст.

Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 970 километр марзи муштарак доранд, ки аз ин то ҳол ҳудуди 520 километраш аломатгузорӣ шуда, боқимонда ҳанӯз ҳам номуайян мебошад.

Бештар бихонед:

 

 

 

Барчасп