Май 11, 2021 11:22 Asia/Dushanbe
  • Мирсаидов: Матни созишномаи қаблии марзӣ бо Қирғизистон барои Душанбе дардисарсоз шудааст
    Мирсаидов: Матни созишномаи қаблии марзӣ бо Қирғизистон барои Душанбе дардисарсоз шудааст

Коршиноси сиёсии масоили Тоҷикистон, бетаваҷҷӯҳии мақомоти музокиракунандаи ин кишвар ба матни тавофуқнома аломатгузории марзӣ бо Қирғизистонро иллати дардисарҳои кунунӣ унвон кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Авесто, Неъматуллоҳ Мирсаидов гуфтааст, ки имрӯз  матни имзошудаи  муовини нахуствазири вақт Муродпалӣ Алимардон ва генерал Шералӣ Хайруллоев мушовири умури низомии вақти раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аломатгузории марзи муштарак бо Қирғизистон барои тарафи Душанбе дардисарсоз шудааст. 

Вай изофа кард: Ин ду мақоми собиқи давлатӣ, ки масъуляти музокира бо Қирғизистон дар бораи аломатгузории марзро 10 сол қабл бар ӯҳда доштанд бо бедиққатӣ матниро имзо кардаанд, ки акнун бар асоси он тарафи қирғиз иддао мекунад Душанбе бо вогузории бахше аз қаламрави Тоҷикистон ба ин кишвар мувофиқат кардааст. 

Ин коршиноси тоҷик бо ишора ба поёни бенатиҷаи нишасти 5 рӯзаи гурӯҳҳои нақшабардории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар шаҳри Ош изҳор кард: Ҷои таъаҷҷуб дорад  мавзӯе, ки беш аз 20 сол  маншаи ихтилофи ду кишвар будааст чигуна қарор аст дар 5 рӯз  ҳаллу фасл шавад. 

Мирсаидов ҳамчунин ба иддаои  мақомоти ду тараф дар бораи сохти масире ҷудогона барои рафту омади атбоъ ва васоили нақлияи Тоҷикистон  миёни фармондории Ворух ва ноҳияи Исфара ишора карду афзуд: Воқеъ шудани ин ҷода дар канори рустоҳои қирғизнишин чӣ замонате барои ҷилавгирӣ аз эҷоди муноқиша ва даргирии дубора  аст?

Қаблан мақомоти тоҷик ва қирғиз дар дидоре дар ноҳияи Ботканд эълом карда буданд, ки то рӯзи нуҳуми май бар сари аломтгузории 112 километр аз марзи муштараки Тоҷикистон ва Қирғизистон тавофуқ мекунанд то ин тавофуқнома дар сафари Садир Ҷабборов ба Душанбе ба имзои  сарони ду кишвар бирасад. 

Бо ин ҳол музокироти 5 рӯзаи гурӯҳҳои нақшабардорииӣ Тоҷикистон ва Қирғизистон дар шаҳри Ош, ки аз панҷум то нуҳуми май баргузор шуд бидуни ҳеч тавофуқе поён ёфт. 

  
  Бештар бихонед:

Барчасп