Сел дар Кӯлоб ва дастури Раҳмон барои кумак ба осебдидагон
Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомҳои кишвар дастур дод, ки барои бартараф кардани оқибатҳои сели Кӯлоб, ки ҳафт нафарро куштааст, ки боиси ҷон бохтани 7 нафар шуд чораандешӣ кунанд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Ховар, дар пайи ҷорӣ шудани сел дар вилояти Хатлон Эмомалӣ Раҳмон ба сарвазир, вазири корҳои дохила, раиси вилоят ва раиси комитети давлатии ҳолатҳои фавқулъодда дастур дод, ки барои баррасии оқибатҳои ин ҳодиса ва кумак ба осебдидагон ба шаҳри Кӯлоб ва ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин ва Мӯминобод сафар кунанд.
Комитети давлатии ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон эълом кард, ки бар асари боронҳои шадид ва ҷорӣ шудани сел дар рӯзи сешанбеи 11 май дар шаҳри Кӯлоб 3 нафар, дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин низ 3 тан ва дар ноҳияи Ҳисор як нафар ҷони худро аз даст доданд ва ба роҳҳои иртиботӣ, пулҳо ва хатҳои барқ низ хисорат ворид шуд.
Панҷ рӯз қабл бар асари боришоти шадид ва лағжиши замин 15 деҳа дар деҳаи Ифтихори ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон вайрон шуда, 167 нафар сокинон ба ҷои амн кӯчонида шуданд.
Бештар бихонед: