Май 14, 2021 18:57 Asia/Dushanbe
  • Ҳукумати Тоҷикистон талош дорад барои сохтани нерӯгоҳи Роғун 340 миллион евро қарз ҷазб кунад
    Ҳукумати Тоҷикистон талош дорад барои сохтани нерӯгоҳи Роғун 340 миллион евро қарз ҷазб кунад

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон нақшаи ҳукумати ин кишварро барои муофияти нерӯгоҳи барқи обии Роғун аз пардохти ҷаримаи деркарди молиётӣ тасдиқ кард.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷ Вик, нерӯгоҳи Роғун  50 миллион сомонӣ қарзи молиётӣ дорад, ки ҷаримаи деркарди рӯзонаи он 5 садум аст. 

Қаблан ҳукумати Тоҷикистон бо бахшудагии 3 миллиону 200 ҳазор сомонӣ аз қарзи нерӯгоҳи Роғун ба 22 ширкат, ки дар иҷрои  ин тарҳи муҳимми энержӣ мушорикат доранд, мувофиқат карда буд.

Ин дар ҳолест, ки ҳукумати Тоҷикистон талош мекунад ба манзури такмили сохти нерӯгоҳи Роғун  340 миллион евро вом ҷазб кунад.

Ба гуфта мақомоти Вазорати молияи Тоҷикистон дар ин замина бо ду банки аврупоӣ - Credit  Suisse ва Landesbank   Wiirttember музокира шуда ва созишномаи ниҳоии он дар ҳоли такмил аст.

Аз сӯи дигар дар буҷети соли 2021 ҳукумати Тоҷикистон барои идомаи сохти нерӯгоҳи барқи обии Роғун  2, 1 миллиард сомонии дигар  монанди соли 2020 ҳазина хоҳад шуд. 

Нерӯгоҳи Роғун бо бо сарбанди 335-метраи замин ва иқтидораш 17 миллиард киловатт соат барқ ​​дар як сол бузургтарин лоиҳаи гидроэнергетикӣ дар минтақа мебошад.

 

Бештар бихонед:

Барчасп