Сафари вазири улуми Русия ба Тоҷикистон барои баррасии вазъи омӯзиши забони русӣ
(last modified Sat, 15 May 2021 08:58:35 GMT )
Май 15, 2021 13:58 Asia/Dushanbe
  • Кратсов: бояд аз роҳкорҳои ҷадиди омӯзиши забони русӣ дар мактабҳои Тоҷикистон истифода шавад
    Кратсов: бояд аз роҳкорҳои ҷадиди омӯзиши забони русӣ дар мактабҳои Тоҷикистон истифода шавад

Вазири улуми Русия дар моҳи июни имсол барои баррасии вазъи омӯзиши забони русӣ ба Тоҷикистон сафар мекунад.

Ба гузориши дафтари матбуотии Вазорати маорифи Русия, Сергей Кратсов, вазири улуми Русия ин хабарро дар гуфтугӯи телефонии ахири худ бо Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маориф ва улуми Тоҷикистон эълом кард.

Вазири улуми Русия дар ин тамоси телефонӣ гуфтааст, ҳамкориҳои омӯзишӣ миёни Русия ва Тоҷикистон дар ҳоли густаришаст ва мо бояд аз роҳкорҳои ҷадид ва фанновариҳои пешрафтаи омӯзиши забони русӣ дар мактабҳои Тоҷикистон истифода кунем.

Кратсов бо ибрози хурсандӣ аз сохти 5 мактаби ҷадиди русӣ дар шаҳри Турсунзода ибрози умедворӣ кард то соли 2022 ин тарҳ дар чаҳор шаҳри дигари Тоҷикистон низ такмил шавад.

Вай ҳамчунин таъкид кард, ки эъзоми муаллимони забони русӣ, ирсоли китобҳои дарсӣ ва таҷҳизоти роёнаӣ барои тақвияти омӯзиши забони русӣ аз Русия ба Тоҷикистон идома хоҳад ёфт.

Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия ба тозагӣ дастур додааст то кайфияти омӯзиши забони русӣ дар Тоҷикистон афзоиш ёбад ва Русия дар ин замина бо Тоҷикистон ҳамкорӣ кунад.

 

Бештар бихонед: