Баргузории Нишасти муштараки фаъолони бахши хусусии Тоҷикистон ва Қазоқистон дар Душанбе
(last modified Sat, 15 May 2021 15:53:22 GMT )
Май 15, 2021 20:53 Asia/Dushanbe
  • Қазоқистон дуввумин шарики тиҷории Тоҷикистон пас аз Русия аст
    Қазоқистон дуввумин шарики тиҷории Тоҷикистон пас аз Русия аст

Дар остонаи сафари раисҷумҳури Қазоқистон ба Тоҷикистон ҳамоиши муштараки фаъолони бахши хусусии ду кишвар дар шаҳри Душанбе рӯзи 17 май мебаргузор мегардад.

Ба нақл аз сомонаи QazTrade, дар ин ҳамоиш намояндагони 15 ширкати қазоқистонӣ ва фаъолони тиҷории Тоҷикистон дидгоҳи худро дар бораи густариши равобити иқтисодӣ ва тиҷории дуҷониба баён хоҳанд кард.

Касим Ҷомарт Токаев, раисҷумҳури Қазоқистон қарор аст, рӯзҳои 17 то 19 май бо сафар ба Тоҷикистон бо мақомоти Душанбе дидор ва гуфтугӯ кунад.

Соли 2020 Қазоқистон пас аз Русия бо 910 миллион доллар муомилоти тиҷорӣ дар ҷойгоҳи дуввуми шарикони муҳими тиҷории Душанбе қарор дошт.

Аз ин мизон 757 миллион доллар содироти Қазоқистон ба Тоҷикистон ва 152 миллион доллар воридоти ин кишвар аз Душанбе будааст.

Дар се моҳи нахусти имсол низ ин шохис 271 миллион доллар эълом шуда, ки 197 миллион доллар содироти Қазоқистон ба Тоҷикистон будааст.

Бештар бихонед: