Корхонаи сохти таҷҳизоти пизишкӣ дар Душанбе ифтитоҳ шуд
Раиси ҷумҳӯрии Тоҷикистон ба ҳамроҳи фарзандонаш аз корхонаи сохти таҷҳизоти пизишкӣ дар шаҳри Душанбе баҳрабардорӣ карданд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамроҳи Рустами Эмомалӣ-раиси Маҷлиси миллӣ ва шаҳрдори Душанбе, Озода Раҳмон- раиси дастгоҳи раёсати ҷумҳӯрӣ ва Ҷамолиддин Абдуллоҳзода-вазири тандурустии Тоҷикистон корхонаи мавсум ба " Ориё медикал "-ро ифтитоҳ карданд .
Ин корхонаро соҳибкор Файзалӣ Ҳоҷиев сохтааст ва аз зарфияти тавлиди солона 400 ҳазор дона сӯзандору, 138 ҳазор даст либоси ҳифозатии пизишкӣ, 273 ҳазор адад ниқоб ва маҳлулҳои зиддиуфуникунанда бархурдор аст .
Ин корхона дар замине ба масоҳати наздик ба як гектар таъсис ва бо баҳрабардорӣ аз он барои 200 нафар шуғл фароҳам шудааст .
Гуфта мешавад, ки таҷҳизоти ин корхона аз Олмон, Лаҳистон ва Жопун ворид ва насб шудааст . Пешбинӣ мешавад, ки дар оянда бо тавсеъаи ин корхона заминаи тавлиди солона 150 миллион адад сӯзандору ,100 миллион адад ниқоб ва маҳлӯлҳои зиддиуфуникунанда фароҳам шавад .
Бештар бихонед :
-
Қарзи корхонаҳои Тоҷикистон аз тавлиди нохолиси миллӣ зиёд буд
-
Барномарезӣ барои сохти 103 корхона ва 139 коргоҳ дар Тоҷикистон