Май 17, 2021 18:31 Asia/Dushanbe
  • Ба гуфтаи Зубайдуллоҳшоҳ Муҳаммадов, ин шаш нафар пас аз музокироти дуҷониба раҳо карда шуданд
    Ба гуфтаи Зубайдуллоҳшоҳ Муҳаммадов, ин шаш нафар пас аз музокироти дуҷониба раҳо карда шуданд

Мақомоти марзбонии Тоҷикистон ва Қирғизистон аз озодии се тоҷик ва се қирғизи боздоштшуда дар марзи муштараки ин ду кишвар хабар доданд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақли аз сомонаи Спутник, субҳи рӯзи душанбе  17 май дар марзи муштараки Тоҷикистон ва Қирғизистон  3 тоҷик ва 3 қирғиз боздошт ва дар пайи музокироти дуҷониба озод шуданд. 

 

Сухангӯи шаҳрдории Исфара гуфтааст, ки нахуст  тарафи Қирғизистон  иқдом ба гаравгонгирии 3 табаъаи Тоҷикистон кард, ки дар пайи ин ҳодисаи марзбонони тоҷик низ 3 қирғизро ба иттиҳоми вуруди ғайримуҷоз ба қаламрави минтақаи Ворух боздошт карданд. 

Ба гуфтаи Зубайдуллоҳ Шоҳмуҳаммадов ин 6 нафар дар пайи музокироти дуҷониба озод шудаанд.

 Аз сӯи дигар манобеи мустақили хабарӣ эълом кардаанд, ки 3 тоҷики боздоштшуда дар марз бо Қирғизистон мавриди латукӯб қарор гирифтаанд

Ба гуфтаи коршиносон  идомаи монеътарошӣ дар роҳи ҳаракати атбоъи Тоҷикистон ва Қирғизистон дар ноҳияҳои Исфара ва Ботканд  яке аз паёмадҳои даргирии рӯзҳои 28 ва 29 апрел дар марзи ду кишвар аст ки бо 56 кушта ва беш аз 230 захмӣ аз ҳар ду тараф ҳамроҳ буд. 

Тоҷикистон ва Қирғизистон  976 километр  марзи муштарак доранд, ки токунун танҳо 519 километр аз он аломатгузорӣ шудааст. 

  
  Бештар бихонед:

Барчасп